LIVE

Дастаи футболбозони шаҳри Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси ВМКБ гардид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол барои дарёфт намудани Ҷоми Раиси вилоят дар байни идораю муассисаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ доир карда шуд. Дар ин бозӣ дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи якум гардид.
Дар мусобиқа 18 даста иштирок намуда, дастаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ ба бозии ниҳоӣ баромаданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо Ифтихорнома, Ҷом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон дарвозабони беҳтарин, бозингари беҳтарин ва нишонзани беҳтарин низ бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив