LIVE

Ҳадафҳои трансферии "Бавария" маълум шуданд

"Бавария"-и шаҳри Мюнхен нисбати нимҳимоягари бошгоҳи  "Атлетик"  Нико Уилямс ва ҳамлавари мисрии "Айнтрахт" Омар Мармуш мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора журналист Sport Bild Кристиан Фалк хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти «Бавария» ният дорад, ки бо ин ду бозигар шартнома ба имзо расонад, то дастаро пурқувват намояд. Дастаи мюнхенӣ ҳамчунин мехоҳад аз се бозигар ҷудо шавад: инҳо ҳам вингери фаронсавӣ Кингсли Коман ва бозигарони олмонӣ Лерой Сане ва Серж Гнабри мебошанд.
Илова бар ин, роҳбарияти «Бавария» қаблан нисбати бозигари қаноти чапи «Челси» Михаил Мудрик музокира дошт, вале айни ҳол номи ӯ ба далели моҷарои допингияш  дар миёни ҳадафҳои трансфер зикр нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз 15 бозӣ "Бавария" пешсафи ҷадвали Бундеслига мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив