Бошгоҳи испании «Барселона» бо ҳамлавари «Манчестер Юнайтед» Маркус Рэшфорд бо вуҷуди кам шудани маоши корияш шартнома имзо мекунад. Дар ин бора нашрияи испании Sport.es хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ омода аст ба ин бозигар танҳо дар сурати ду баробар кам шудани маоши корӣ шартнома пешниҳод кунад. Бояд қайд кард, ки “Барселона” дар ин бора то ҳол ягон иқдоми фаъоле накардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки “девони сурх” мехоҳанд ҳамлагарро аллакай дар равзанаи трансферии зимистона бифурӯшанд. Қобили зикр аст, ки Рэшфорд дар се бозии охир ба ҳайати «Манчестер Юнайтед» шомил нашуд.
