LIVE

Президенти ФИФА “Истиқлол”-ро баҳри қаҳрамонӣ табрик кард

Президенти Федератсияи байналмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар робита ба пирӯзии   дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар номаи Инфантино, ки ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мӯҳтарам Рустам Эмомалӣ ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта шудааст:
«Мӯҳтарам президент!
Бо ин нома ман шодам, ки клуби футболи «Истиқлол»-ро бо унвони навбатии қаҳрамонӣ табрик мегӯям!
Кӯшишҳо ва натиҷаҳои доимии онҳо дар тӯли мавсим самараи худро доданд, ки ин унвони муҳимро ба бор овард.
Ҳар як аъзои клубро бо ин дастовард табрик мегӯям.
Ташаккур Ба Шумо ва Федератсияи Шумо барои дастгирии доимӣ, заҳмат ва садоқати шумо баҳри рушди футбол дар кишваратон.
Бесаброна интизори вохӯрӣ бо шумоям, муҳтарам президент»!
Бо эҳтиром, Ҷанни Инфантино!
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» бори сездаҳум ғолиби Чемпионати Тоҷикистон гардид. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив