Нимҳимоятгари 21-солаи дастаи мунтахаби Олмон ва “Бавария” Ҷамол Мусиала дар овоздиҳӣ миёни мухлисон ғолиб омада, беҳтарин футболбози Бундестим дар соли 2024 эътироф гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Олмон хабар медиҳад.
Дар ин овоздиҳӣ Мусиала 56% овозҳоро ба даст овард. Нимҳимоятгар Флориан Виртз бо 38% дар ҷои дуюм аст. Дар миёни сегонаи беҳтаринҳо ҳамлагар Кай Ҳавертс бо 6% овоз қарор дорад.
Футболбози 21-сола дар соли 2024 дар ҳайати Олмон 13 бозӣ анҷом дода, 5 гол ва 5 партофти дорад. Мусиала инчунин ба тими рамзии Евро-2024 шомил шуда буд.
