Бозии даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо, ки дар он дастаҳои «Аякс»-и Нидерланд ва «Латсио»-и Итолия вохӯрданд, дар майдони Йохан Кройфф Аренаи Амстердам (Нидерландия) бо ҳисоби 3:1 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи умумӣ. Даври 6-ум
13 декабри соли 2024, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Аякс” (Амстердам, Нидерландия) 1:3 “Латсио” (Рим, Италия)
0:1 Тшауна – 12' 1:1 Траоре – 47' 1:2 Деле-Баширу – 52' 1:3 Родригес – 77'
Дар дақиқаи 12-ум нимҳимоятгари «Латсио» Лум Тшауна аз паси Педро Родригес муаллифи гол шуд. Дар дақиқаи 47-ум ҳамлагари «Аякс» Бертран Траоре ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 52-юм нимҳимоятгари дастаи «Латсио» Фисайо Деле-Баширу гол зад. Педро Родригес бошад дар дақиқаи 77-ум худ муаллифи гол гардид.
Аз рӯи натиҷаи ҳашт давр ҳашт дастаи беҳтарин муайян карда мешаванд, ки фавран ба даври 1/8 финал мебароянд ва бошгоҳҳои аз ҷойҳои 9 то 24-ум бошанд барои роҳхат ба даври 1/8 финалӣ дар даври плей-офф бозӣ мекунанд.
