"Бавария" бо дарвозабони хеш Мануэл Нойер мӯҳлати шартномаи кориро тамдид намуд.
Ба иттилои Kicker дарвозабони 38-сола бо дастааш шартномаи нави мӯҳлаташ то соли 2026 имзо мекунад. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳоло танҳо дар бораи ҷузъиёти хурд ба мувофиқа расидаанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки Мануэл Нойер ба далели бардоштани ҷароҳат дар бозии 1/8 финалии Ҷоми Олмон (0:1) бо дастаи “Леверкузен” то охири сол ба майдон намеояд.
Нойер аз соли 2011 дар ҳайати “Бавария” бозӣ мекунад. Дар ин муддат у дар 540 вохурй дар ҳамаи мусобиқаҳо иштирок карда, 256 бозиро бидуни сар додани гол ба дарвозааш сипарӣ намуд. Мӯҳлати шартномаи феълии футболбоз то тобистони соли 2025 амал мекунад.
