«Манчестер Юнайтед» омода аст, ки дастпарвари академияи хеш ҳамлавар Маркус Рэшфордро ба фурӯш барорад. Дар ин бора рӯзноманигори маъруф ва инсайдер Флориан Плеттенберг дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, “девони сурх” омодаи қабули пешниҳод оиди Маркус зимистони имсола буда, нақша доранд, ки то тобистони оянда бозигарро фурӯшанд. Қайд карда мешавад, ки бо ҷудо шудан аз Рэшфорд «Манчестер Юнайтед» пули масрафшуда дар пардохти маоши ӯро сарфа мекунад, ки ин ба “манкунианиҳо” имкон медиҳад, ки ба осонӣ ба қоидаҳои фэйр-плейи молиявӣ мувофиқат кунад.
Мавсими ҷорӣ ҳамлагари 27-сола дар тамоми мусобиқаҳо 23 бозӣ анҷом дода, ба задани 7 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Маркусро 60 миллион евро арзёбӣ мекунад.
