LIVE

Бохт аз Хуҷанд Хатлонро аз мавқеи сеюми ҷадвал поин бурд.

Дастаи "Хатлон" дар дидори даври 18-уми лигаи олӣ дар майдони худ аз дастаи "Хуҷанд" ноком гардид. Ҳарчанд соҳибони майдон бо зарбаи аниқи Парвиз Охунов дар дақиқаи 59-ум ҳисобро боз карданд, вале пас аз панҷ дақиқа Юрий Захаркив ҳисобро баробар кард. Голи задаи капитани "Хуҷанд" Соҳибҷон Ҳакимов дар дақиқаи 90+5 ғалабаи меҳмононро дар сафар таъмин сохт. Ҳамакнун дастаи "Хуҷанд" бо 32 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеашро мустаҳкам намуд. "Хатлон" бошад баъди ин нокомӣ аз зинаи сеюм ба ҷойи 4 - ум фаромад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив