Нимҳимоягари "Манчестер Сити" Ҷек Гриалиш аз миёни бозигарони дастон Лионел Месси ва Криштиану Роналду якеро интихоб кард.
"Беҳтарин бозигаре, ки то ҳол зидди ӯ бозӣ кардам? Месси. Вақте ӯ дар ПСЖ бозӣ мекард, ин аввалин мавсими ман дар “Манчестер Сити” буд. Дар як майдон бо ӯ будан хуш буд. Месси ё Роналду? Месси», — иқтибос меорад хадамоти матбуотии «Манчестер Сити» аз суханони Грилиш.
Мӯҳлати шартномаи Криштиану Роналду бо «Ал Наср» то тобистони соли оянда мебошад. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ӯро 15 миллион евро арзёбӣ мекунад.
Лионел Месси бошад аз соли 2023 дар ҳайати “Интер Майами” бозӣ мекунад. Мӯҳлати шартномаи бозигаир аргентинӣ то соли 2025 мебошад. Нархи трансфери бозигари аргентинӣ айни ҳол 25 миллион евро аст.