LIVE

Дастаи «Хатлон-2» - ғолиби ҷоизаи ба номи Владимир Ғуломҳайдаров

Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни кӯдакон (U-12) барои дарёфти ҷоизаи мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқа ҳашт даста ширкат карда, дар марҳилаи муқаддамотӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуд.
Пас аз ҷамъбасти бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ ва ниманиҳоӣ дастаҳои МҶМОВ (Душанбе) ва «Хатлон-3» (Ҷалолиддини Балхӣ) дар рақобат барои ҷойи сеюм ба ҳам омаданд. Дар вақти асосии вохӯрӣ ғолиб маълум нашуд — 0:0 ва дар силсилаи пеналти футболбозони Душанбе беҳтар баромад карданд — 3:0.
Дар бозии финалӣ «Хатлон-2» (Кӯлоб) ва «Ҷавонон» (Ёвон) вохӯрданд. Дастаҳо дар вақти асосӣ ба дарвозаи ҳамдигар гол назананд – 0:0. Дар зарбаҳои пеналти дастаи дуюми Хатлон комёбӣ ба даст овард.
Дар ҷамъбасти мусобиқа кумитаи тадорукот бозигарони беҳтаринро дар ҳайати дастаҳо муайян кард. Фарзин Карамов («Хатлон-3»), Мусъаб Ҳасанбеков (МҶМОВ), Сафиаллоҳ Мирзокаримов («Ҷавонон») ва Абдулло Юсупов («Хатлон-2») беҳтарин эътироф шуданд. Нишонзани беҳтарини мусобиқа Исмоил Наботов («Хатлон-3») гардид, ки шаш гол ба самар расондааст. Мустафо Абдусамадов аз тими «Ҷавонон» беҳтарин бозигар дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив