Бозии даври 5-уми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо, ки дар он дастаҳои «Тоттенҳэм» ва «Рома» дар варзишгоҳи «Тоттенхэм Хотспур»-и Лондон вохӯрданд, бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи умумӣ. Даври 5-ум
29 ноябри соли 2024, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Тоттенхэм Хотспур” (Лондон, Англия) 2:2 “Рома” (Рим, Италия)
1:0 Мин – 5' 1:1 Н'Дика – 20' 2:1 Ҷонсон – 34' 2:2 Хуммелс – 90+1'
Сароғози бозӣ бозигари канории “Тоттенҳэм” Сон Хён Мин аз нуқтаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 20-ум ҳимоятгари меҳмонон Эван Н'Дика мувозинати бозиро барқарор кард. Дар дақиқаи 34-ум бошад нимҳимоятгар Бреннан Ҷонсон мизбононро боз дар ҳисоб ба пеш баровард. Голи ҳимоятгар Матс Ҳуммелс дар дақиқаи 90+1 ба “Рома” имкон дод, ки дар ин бозӣ аз мағлубият канорагирӣ кунад.
Дар даври навбатии ҷадвали умумӣ "Тоттенхэм" бо "Рейнҷерс" вомехӯрад (12 декабр). «Рома» дар навбати худ бо «Брага» (12 декабр) бозӣ мекунад.