Бозии даври 4-уми марҳалаи умумии Лигаи Конференсия, ки дар он дастаҳои «Хайденхайм»-и Олмон ва «Челси»-и Англия вохӯрданд, дар майдони «Войт Арена»-и шаҳри Хайденхайм ан дер Бренси Олмон бо ҳисоби 2:0 ба нафъи меҳмонон поён ёфт.
Лигаи конференсияҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
28-уми ноябри соли 2024, панҷшанбе. Соати 22-45 бо вақти Душанбе
“Хайденхайм” (Хайденхайм ан дер Бренс, Олмон) 0 : 2 “Челси”
(Лондон, Англия)
0:1 Нкунку – 51' 0:2 Мудрик – 86'
Корти сурх: Казадеи – 90+6'
Дар дақиқаи 51-уми бозй меҳмонон ба шарофати голи Кристофер Нкунку ҳисоби бозиро кушоданд. Баъдан Михаил Мудрик дар дақиқаи 86-ум як голи дигар зад.
Ҳамин тариқ, бошгоҳи лондонӣ дар ҷадвали Лигаи конференсияҳо ҷои аввалро ишғол мекунад. Даста аз рӯи ҷамъбасти чор давр 12 хол дорад. Ба Хайденхайм муяссар шуд, ки 9 хол ба даст оварад ва бо ин натиҷа дар ҷои шашуми ҷадвал қарор дорад.