Нимҳимоятгари фаронсавӣ Пол Погба, ки қаблан дар дастаҳои «Ювентус» ва «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекард, метавонад ба Премер-лигаи Англия баргардад.
Ба иттилои Goal, барои ин футболбоз дастаи «Фулҳэм»-и Лондон талош дорад. Қайд карда мешавад, ки атрофиёни бозигар низ ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки фаъолияти худро дар Англия идома диҳад. Худи бозигари фаронсавӣ ният дорад, ки баромадҳояшро дар Премер-лигаи олӣ аз нав барқарор намояд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта санҷиши допингии нимҳимоятгари фаронсавӣ натиҷаи мусбат нишон дода буд. Рӯзи 29-уми феврал додгоҳи зиддидопингӣ тасмими барои 4 сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум намудани футболбозро тасдиқ кард. Баъди чунин қарори додгоҳ Погба шикоят бурд. Рӯзи 7-уми октябр Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) эълон кард, ки мӯҳлати маҳрумияти нимҳимоятгари фаронсавиро то 18 моҳ коҳиш додааст. Ҳамин тариқ, ӯ метавонад моҳи марти соли 2025 ба бозиҳои расмӣ баргардад.