Нимҳимоягари "Манчестер Юнайтед" Каземиро пешниҳоди "Реал"-ро рад кардааст.
Ба гуфтаи Тривела футболбози бразилӣ қатъиян рад кард, зеро ӯ ин қисмати маснади варзишияшро пӯшида мешуморад.
Мавсими ҷорӣ Каземиро дар 17 бозии “Манчестер Юнайтед” дар тамоми мусобиқаҳо ширкат варзида, ба задани 3 гол даст ёфтааст. Мӯҳлати шартномаи бозигари бразилӣ то соли 2026 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 15 миллион евро аст.
«Манчестер Юнайтед» бо 16 имтиёз дар зинаи 12-уми ҷадвали Премер-Лига қарор дорад.