LIVE

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон як қадами дигар ба марҳилаи поёнии Чемпионати Осиё наздик шуд

Имрӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19 солаи Осиё дар гурӯҳи “С” бозиҳои даври дуюм барпо шуданд. 
Дар дидори аввал дастаи ҷавонони мунтахаби Сурия бар ҳамтоёни худ аз ҷазираҳои Малдив 3-2 пирӯз шуданд.
Мунтахаби ҷавонони кишварамон бошад, шоми 4-уми октябр дар бозӣ бо мунтахаби ҷавонони Лубнон андари майдон шуданд. Ҳарчанд шогирдони Зайниддин Раҳимов дар ҷараёни дидор аз ибтидо то интиҳо ташаббусу тараддуди майдондориро дар дасти хеш нигоҳ медоштанд, вале ба дарвозаи рақиб танҳо як гол заданд. Дар дақиқаи 46-уми дидор гузариши Амадони Камолов аз канор сипас паси ӯ ба Рустам Соиров ва дар идома ирсоли тӯб ба ҳамлагар Шаҳром Самиев боис шуд то дарвозаи Тариқ Наҷиа боз шавад. Ҳоло дар ҳисоби Шаҳром Самиев 4 гол буда, ӯ беҳтарин нишонзани марҳилаи муқаддамотӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин пирӯзи миллипӯшони ҷавони мо ҳоло дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз садрнишинанд. Рақиби асосии мо дастаи ҷавонони Сурия ба ҳисоб рафта, дар ҳисоби мунтахаби мазкури арабӣ ҳоло 4 имтиёз аст. Ду иштирокчии дигари ин гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони то 19 солаи Лубнон ва ҷазираҳои Малдив пас аз бозиҳои даври дуюм имкони аз гурӯҳ ба даври поёнии ин мусобиқа баромаданро аз даст додаанд.
Ба чемпионати Осиё байни ҷавонони 19 сола, ки соли оянда дар Ӯзбекистон сурат мегирад ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 тим бо нишондоди беҳтарини дуюм роҳ пайдо мекунанд. Ба истиснои гурӯи “С” дар 10 гурӯҳи боқимонда бозиҳои марҳилаи муқаддамоти дар оғози моҳи ноябр баргузориаш ба нақша гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив