Дар доираи бозиҳои даври 5-уми марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 мунтахабҳои Кореяи Шимолӣ ва Эрон ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи милли Ню-Лаоси шаҳри Вентян баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи тими меҳмон анҷом ёфт. Бозиро ҳайати доварон таҳти роҳбарии довари тоҷик Гулмуроди Саъдулло ҳакамӣ карданд.
Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0 бар 3 ба фоидаи тими мунтахаби Эрон анҷом ёфт. Меҳди Гайедӣ дар дақиқаи 29-ум аз паси головари Меҳдӣ Торемӣ истифода карда, ҳисобро боз кард. Муҳаммад Муҳибӣ дар идома дар дақиқаҳои 41-ум ва 45-ум дубл кард. Ҳарду паси головарро Меҳдӣ Торемӣ марбути номи хеш кард.
Дар оғози қисми дуюми вохӯрӣ дифоъгари мунтахаби Эрон Шоҷа Халилзода дағалона қоидаи бозиро вайрон кард ва довари тоҷик мустақим корти сурхро ба ин бозигар нишон дод.
Аз 10 нафара будани тими миллии Эрон истифода карда, мизбонон бештар таваҷҷӯҳро ба хати ҳамла равон карданд. Ҳамин буд, ки пас аз 5 дақиқа Меҳдӣ Торемӣ ба таври ғайричашмдошт тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард ва ҳисобро ба фоидаи Кореяи Шимолӣ боз намуд.
Бо гузаро шудани 3 дақиқа Ким аз ҳайати Кореяи Шимолӣ голи дуюми дастаашро ба дарвозаи Эрон зад ва ҳисобро 2 бар 3 кард. Ин охирин гол дар вохӯрии мазкур буд.
Эрон пас аз ин пирӯзии мушкил дар сафар ҳоло дар гурӯҳи “В” бо касби 13 имтиёз пешсафи ягона аст. Кореяи Шимолӣ пас аз ду натиҷаи мусовӣ бо 2 имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.