LIVE

«Ливерпул» аз ҳаққи иштирок дар Ҷоми Лигаи Англия маҳрум карда намешавад

Лигаи футболи англисӣ дар сомонаи расмии хеш аз натиҷаи тафтишот  бар муқобили “Ливерпул”-ро нашр намуд. Тафтишоте,ки бар муқобили “сурхҳо” пас аз бозии 1/16 ниҳоии Ҷоми лига ё худ бозие,ки “Ливерпул” бар «Милтон-Кинс Донс»  бо ҳисоби 2:0 пируз шуда буд.
 Мерсисайдиҳо тибҷи натиҷа тафтишот аз маҳрумшавии мусобиқот  халосӣ ёфта,бар ивази он ҷарима дар ҳаҷми  200 ҳазор фунт стерлинг (зиёда аз 224 ҳазор евро) пардохт мекунанд. Бо вуҷуди ин нисфи маблағи ҷаримавӣ болои “Ливерпул” шартан монда шудаст ва ба шарте,ки ин  тим соли оянда низ ба чунин иштибоҳ роҳ диҳад,маблағи муайяншударо пардохт хоҳад кард.
Ёдрас мекунем,ки дар ҳайати “Ливерпул” вақти бозӣ бо «МК Донс» нимҳимоятгар Педро Чиривеля ба майдон баромад-нафаре,ки ҳуқуқи иштирок дар ин бозиро надошт. Пештар бошад хабар дода мешуд,ки  агар нисбати “Ливерпул” таҳримотҳои шадидтаре ҷорӣ карда мешуд,дар он сурат ин тимро ҳатто аз Ҷоми лига хориҷ менамуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив