Бошгоҳи фаронсавии “ПСЖ” ба ҳуҷумкунандаи «Реал» Килиан Мбаппега 55 миллион евро пардохт намекунад, дар ин бора RMC Sport итттилоъ медиҳад.
Рӯзи 25-уми октябр Кумитаи муштараки шикоятии Лигаи касбии футбол (LFP) дар мавриди баҳси молиявӣ байни Килиан Мбаппе ва “ПСЖ” қарор қабул кард. Бо вуҷуди ин бошгоҳи фаронсавӣ дақиқ кард, ки ба Мбаппе 55 миллион евро намедиҳад.
«Мбаппе ба таври возеҳ ӯҳдадориҳои давлатӣ ва хусусиро ба ӯҳда гирифт ва клуб аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бо назардошти манфиатҳои бесобиқае, ки дар тӯли ҳафт соли кораш дар “Париж” аз мо баҳра бурд, эҳтиром кунад.
Бошгоҳ умедвор аст, ки ин ӯҳдадориҳо риоя карда мешаванд, аммо агар бозигар тасмим гирад, ки ин баҳсро идома диҳад, бошгоҳ маҷбур мешавад, ки баҳри масъала ба судҳои салоҳиятдор муроҷиат кунад ва хисоротеро, ки бо сабаби мавқеъи нофаҳмо аз бозигари собиқи худ дидааст ва то ҳол дида истодааст, эътироф кунад,” - иқтибос оварда мешавад аз суханони яке аз намояндагони “ПСЖ”.
Килиан рӯзи 1-уми июни соли 2024 ҳамчун агенти озод ба “Реал Мадрид” гузариш анҷом дод. Мбаппе ин мавсим дар 13 бозӣ 8 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст.
