LIVE

Роберто Манчини оиди рафтанаш аз мунтахаби Арабистони Саудиро гуфт

Муттахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини истеъфои худро аз мақоми сармураббии тими миллии Арабистони Саудӣ шарҳ дод.
“Дар Арабистони Саудӣ одамони зиёде кор мекунанд. Аммо мушкил дар он аст, ки тими миллӣ барои бозӣ кардани як навъи футбол таҷрибаи кофӣ надорад. Бо омадани хориҷиҳо бисёр чиз тағйир ёфт, зеро бозигарони тими миллӣ дар тамринҳо дар бошгоҳҳои худро бас карданд ва дар чунин шароит ман кафолат дода наметавонам, ки ба Ҷоми Ҷаҳонӣ биравам”- иқтибос меорад аз суханони Манчини II Messaggero.
Рӯзи 24-уми октябр Манчини вазифаи сармураббии тими миллии Арабистони Саудиро тарк кард. Хабар дода шуд, ки итолиёвӣ ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш ва бад шудани равобити мураббӣ ва даста аз вазифаи сармураббии тими мунтахаби Арабистони Саудӣ рафтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив