LIVE

Ҷаласаи пеш аз бозии «Равшан» - «Трактор» доир гардид

Имрӯз, 22-юми октябр дар меҳмонхонаи   «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз бозӣ оид ба масълаҳои ташкилии  даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 миёни дастаҳои «Равшан» ва «Трактор» баргузор гардид.
Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, кормандони Конфедератсияи футболи Осиё, масъулони бехатарӣ, намояндагони «Равшан» ва «Трактор» масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуд. 
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ташкилии вохӯрии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дар даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 футболбозони «Равшан» бо либоси кабуд, дарвозабон бо пироҳани зард ва «Трактор» бо либоси сурх, дарвозабон бо либоси сиёҳ бозӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 миёни дастаҳои «Равшан» ва «Трактор» рӯзи 23-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив