Собиқ футболбози "Манчестер Юнайтед" Дэвид Бекхэм нисбати маснади варзишии ҳамлавари португалӣ Криштиану Роналду сухан кард.
"Ҳар як дастае, ки ӯ дар он бозӣ мекард, аз худ мерос гузошт. Ҳамин тавр, ман фикр мекунам, ки ӯ рафти маснади варзишияш бениҳоят аҷиб буд.
Ӯ аввал дар “Манчестер Юнайтед”, албатта, ки дар сафи “Реал Мадрид” ва инчунин дар тими миллии Португалия маснади варзиши бебаҳо дошт. Ба қафо нигариста гуфтан мумкин аст, ки барояш ин як касби бениҳоят ҷолиб аст” - гуфтааст Бекхэм дар подкасти Рио Фердинанд.
Айни ҳол Роналду дар бошгоҳи саудии «Ал-Наср» баромад мекунад.