LIVE

Месси дар феҳристи голзанҳои тими миллӣ то ҳол аз Роналду қафо мемонад

Ҳамлагари 37-солаи аргентинӣ Лионел Месси дар раддабандии беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи дастаҳои миллӣ ба зинаи дуюм баромад. Дар бозии даври 10-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар минтақаи Амрикои Ҷанубӣ бо тими миллии Боливия Месси муаллифи се гол ва  ду партофти голӣ гардид.
Чемпионати ҷаҳон 2026 - Амрикои Ҷанубӣ. Даври 10-ум
16-уми октябри соли 2024, чоршанбе. 05:00 ба вақти Душанбе
Аргентина 6:0 Боливия
Ин ҳет-трик ба Месси имкон дод, ки дар феҳристи беҳтарин нишонзанҳо аз   Алӣ Даеӣ, ки қаблан дар ҷои дуюм буд, пеш гузарад - ҳарду ҳамлагар дар тими мунтахаби 109 голӣ доштанд. Ҳоло Лионел дар ҳайати тими миллии Аргентина дар 189 бозӣ 112 гол дорад.
Дар садри ин раддабандӣ бошад ҳамлагари 39-солаи тими миллии Португалия Криштиану Роналду қарор дорад, ки дар 216 бозӣ 133 гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив