LIVE

Тими миллии Перу зидди Уругвай пирӯзӣ ба даст овард

Шаби 11-ум ба 12-уми октябр ба вақти шаҳри Душанбе дар  Варзишгоҳи миллии пойтахти Перу бозии даври 9-уми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026   миёни дастаҳои мунтахаби Перу ва Уругвай ба доир, ки бо ҳисоби 1:0 ба бо пирӯзии соҳибони майдон хотима ёфт.
Чемпионати ҷаҳон-2026.  Амрикои Ҷанубӣ.  Даври 9-ум
12-уми октябри соли 2024, шанбе. 06:30 ба вақти Душанбе
Перу 1:0 Уругвай
1:0 Араухо – 88'
Голи ягонаро дар дақиқаи 88-уми бозӣ ҳимоягари марказии мунтахаби Перу Мигел Араухо ба самар расонид.
Барои мунтахаби Перу ин пирӯзӣ дар нӯҳ бозии сабқати интихобии КОНМЕБОЛ аввалин буд - перугиҳо шаш имтиёз ба даст оварда,  зинаи охирин, яъне зинаи 10-умро тарк карданд. Уругвай дувумин шикасти худро дар сабқати интихобӣ пас аз ду мусовии пай дар пай ба қайд гирифт ва бо 15 имтиёз аз 9 бозӣ дар ҷои севвум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив