Мутобиқи иттилои Mundo Deportivo бошгоҳи “Барселона” аз ҷалб кардани Адриен Рабйо даст кашиданӣ нест.
Нимҳимоятгари 29-солаи фаронсавӣ пас аз тарки Ювентус бозигари озод аст ва пас аз баста шудани равзанаи интиқол метавонист шартнома имзо кунад. Каталониҳо Рабйоро ҳамчун роҳи ҳалли мушкилоти худ дар хатти нимҳимоя мебинанд - Гави, Бернал ва Френки де Йонг аз сабаби ҷароҳатҳо дар бозиҳо ширкат карда наметаовнанд. Ҷониби футболбоз 10 миллион евро маош талаб мекунад, ки ба ин далел футболбоз ҳоло ҳам бидуни клуб аст. Ёдовар мешавем, ки дар тобистон роҳбарити бошгоҳ ба нимҳимоятгарони дастаҳои “Манчестер Юнайтед”, “Милан”, “Галатасарай”, “Интер”, “Бавария”, “Реал Мадрид” ва “Ал-Наср” таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ кас то ҳол барои бастани шартнома розӣ нашудааст.
Дар мавсими гузашта, Рабйо дар Сери А-и Италия 31 бозӣ гузаронида, ба задани 5 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. Тибқи маълумоти портали интернетии Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 35 миллион евроро ташкил медиҳад.

