Ҳамлагари дастаи «Ал-Наср» Криштиану Роналду исрор дорад, ки мутахассиси фаронсавӣ Зинедин Зидан, ки бо ӯ дар «Реал Мадрид» (2016-2018) якҷоя кор кардааст, бояд сармураббии нави бошгоҳи Арабистони Саудӣ таъин шавад.
«Дастаи Ал-Наср, ки Криштиану бозигари он аст, бо мураббӣ мушкилӣ дорад, аз ин рӯ, Роналду исрор карданро идома медиҳад, ки дуюмин мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи Чемпионҳо дар баробари Гвардиола, ки Зидан аст, сармураббии даста таъин шавад.
Ӯ мехоҳад, ки Зидан дастаро сарварӣ кунад. Онҳо маблағи зиёдеро сармоягузорӣ кардаанд, аммо мувофиқи интизориҳои онҳо то ҳол бароварда нашудааст. Зидан дар шаҳри Мадрид зиндагӣ мекунад , аммо Роналду мехоҳад ӯро дар Арабистон бубинад», - гуфт рӯзноманигор Эдуардо Инда дар сомонаи El Chiringuito de Jugones.