Нисфирӯзии имрӯз дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё -2 баргузор гардид. Ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Равшан” пас аз маросими қуръакашӣ рақибони хешро муайян карданд.
“Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шомили гурӯҳи “С” гардида, бо дастаҳои "Сипоҳон" –и Эрон, "Шарҷа"-и АМА ва "Ал-Веҳдат"-и Урдун бозӣ мекунад. “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб шомили гурӯҳи “А” гардида, бо дастаҳои "Ал-Вақра"-и Қатар, "Трактор"-и Эрон ва "Моҳан Баган"-и Ҳиндустон бозӣ мекунад.
Рақобатҳои даври аввал дар марҳилаи гурӯҳи рӯзҳои 17-19-уми сентябр баргузор мегарданд.
Натиҷаи қуръакашии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2
Гурӯҳи А
"Ал-Вақра" (Қатар)
"Трактор" (Эрон)
"Моҳан Баган" (Ҳиндустон)
"Равшан" (Тоҷикистон)
Гурӯҳи B
"Ал-Таавун" (Арабистони Саудӣ)
"Эйр Форс" (Сурия)
"Ал-Ҳалдия" (Баҳрайн)
"Олтин Асир" (Туркманистон)
Гурӯҳи C
"Сипоҳон" (Эрон)
"Шарҷа" (АМА)
"Истиқлол" (Тоҷикистон)
"Ал-Веҳдат" (Урдун)
Гурӯҳи D
"Шабоб Ал - Аҳлӣ" (АМА)
"Насаф" (Ӯзбекистон)
"Ал-Ҳусейн" (Удун)
"Кувейт" (Кувайт)