Бошгоҳи испании «Барселона» метавонад аз сафи «Бавария» дифоъгари фаронсавӣ Кингсли Команро шомили тим кунад, дар ин бора Mundo Deportivo мерасонад.
Ба гуфти манбаъ агар "Атлетик" Нико Уиллямсро ба сафи "блаугранас" равон накунад, пас ин тим имкони харидории ин бозигари фаронсавиро баррасӣ хоҳад кард. Аммо "Барселона" ба далели ҷароҳати бозигар ва маоши баланди Коман нисбати футболбози 28-сола шубҳа дорад.
Қаблан дар расонаҳо хабаре паҳн шуда буд, ки “Барселона” агар Уилямс қарори худро дар бораи гузариш то 18 август эълон накунад, пас каталониҳо ба ҷустҷӯи вариантҳои дигар мебароянд. Ҳамзамон 15-уми август Нико дар доираи бозии даври 1-уми чемпионати Испания дар ҳайати “Атлетик” зидди Хетафе бозӣ мекунад.
Мавсими гузашта Коман 27 бозӣ анҷом дода, 5 гол ва 3 партофти головар дар номаш дорад.