Нимҳимоягари бошгоҳи "Бавария" Брайан Сарагоса ба сафи тими испании "Осасуна" ба иҷора равон карда шуд.
«Ҳадафи аслии Брайан ҷой гирифтан дар ҳайати асосии “Бавария№ мебошад ва ин муҳим аст. Ӯ барои ин тамоми хислатҳоро дорад. Мо итминон дорем, ки мавсими 2023/2024 зодгоҳаш Испания ба ӯ кӯмак мекунад, ки худро нишон диҳад. Брайан бояд бозӣ кунад ва “Осасуна” дастаи хубе барои ин аст"- иқтибос овардааст аз суханони директори варзишии “Бавария” Фрейд хадамоти матбуотии ин тим.
Сарагоса моҳи феврали соли 2024 аз “Гранада” ба “Бавария” гузариш анҷом дода буд. Маблағи трансфер 4 миллион евро буда, шартномаи бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 амал мекунад.