LIVE

«ПСЖ» оиди гузариши дифоъгари «Айнтрахт Франкфурт» расман эълон намуд

Бошгоҳи футболи “Пари Сен-Жермен” дар сомонаи расмии худ эълон кард, ки ҳимоятгари 22-сола Виллиан Пачоро аз тими «Айнтрахт»-и Франкфурт харидорӣ кардааст. Футболбоз дар тими наваш таҳти рақами 51-ум ба майдон меояд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Пачо дар таърихи бошгоҳи фаронсавӣ аввалин бозигари эквадорӣ гардид.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки маблағи трансфер 40 миллион евро + 5 миллион евро тариқи иловапулиҳо хоҳад буд.
Пачо мавсими гузашта дар ҳайати "Айнтрахт Франкфурт" 44 бозӣ анҷом дода, ду ирсоли голӣ анҷом додааст. Ҳамчунин Виллиан дар ҳайати тими миллии Эквадор 16 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст.
Мавсими гузашта ПСЖ қаҳрамони Фаронса, инчунин барандаи Ҷоми кишвар ва Суперҷоми кишвар шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив