Бошгоҳи лондонии “Челси” ҳимоягари аргентинӣ Аарон Анселминоро шомили тим кард.
Футболбози 19-сола бо “кабудҳо” шартномаи ҳафтсола баста, қайд карда мешавад, ки ҳимоятгар мавсими 2024/2025-ро тариқи иҷора дар «Бока Хуниорс» мегузаронад.
«Аарон пеш аз кӯчидан ба Бока дар синни 12-солагӣ дар дастаҳои ҷавонони “Ювентуд Унида” ва “Спортиво Реалико” гузаронидааст. Ӯ аввалин шартномаи касбии худро бо бошгоҳ 10 июни соли 2023 ба имзо расонид ва аввалин бозии худро дар ҳайати асосӣ дар бозӣ бо “Ланус” худи ҳамон рӯз анҷом дод.
«Хуш омадӣ ба “Челси” , Аарон!» — навишта шудааст дар изҳороти расмии бошгоҳи Англия.
"Челси" бошад мавсими гузаштаро дар Лигаи Англия бо ишғоли зинаи шашум ба анҷом расонида буд.
