LIVE

Бозигари нави эронии ССКА ва гузариши Миранчук аз “Аталанта” ба “Атланта”

Дар Россия  бошгоҳи “ССКА”-и Москва бо Амирҳусейн Риванди то соли 2026-ум шартнома баст ва иронии 20-соларо ба иҷора ба тими «Бухоро» равон кард. Бояд қайд кард, ки дастаи ӯзбекистонӣ аз ҳуқуқи харидории бозигар бархурдор нахоҳад буд.  
Як гузариши трансферие, ки бо иштироки бозигари узви футболи Россия ба миён омад, ин гузариши Алексей Миранчук ба «Атланта»-и Амрико аз  «Аталанта»-и Италия мебошад. Шартномаи нимҳимоягари мунтахаби Россия бо бошгоҳи   МЛС то соли 2027 бо имкони тамдидкунӣ буда, ин трансфер гаронарзиштарин дар таърихи МЛС мебошад.
Чӣ тавре пештар хабар дода мешуд, баҳри гузариши бозигари 28-солаи рус «Аталанта»  15 миллион евро ба даст меорад. Миранчук бошад дар мавсими қаблии Серияи А 27 бозӣ гузаронида, 3 голу 5 асист ба омор гирифт. Дар умум дар сафи тими Бергамо Алексей ғайр аз гирифтани Ҷоми Лигаи Аврупо ҳамчунин   98 бозӣ гузаронида,  13 гол зад ва   19 партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив