Дар Италия бошгоҳи «Комо»-и Фабрегас бо дарвозабон Эмил Аудеро, ки дар сафи «Интер» қаҳрамони Италия шуда буд, шартнома имзо кард. Ҳамзамон дифоъгар Одентал ба «Сассуоло» пайваст.
Дарвозабони 27-сола мавсими қаблиро тариқи иҷора дар «Интер» гузаронида, ҳамагӣ 4 бозӣ дар Серияи А гузаронид ва бо сар додани 3 гол бо ҳамроҳии ин тим қаҳрамони Италия шуда буд.
Тими «Комо» бошад расман оиди имзокунии шартномаи чорсола бо ин дарвозабон эълон намуда, ҳамзамон дифоъгари 23-сола Кас Одентал «Комо»-ро тарк намуда, ба сафи «Сассуоло» пайваст. Мавсими қаблӣ бозигари нидерландӣ 30 бозӣ дар Серияи Б гузаронида буд ва ду гол ҳам ба самар расонид.
Ҳамзамон дар Италия бошгоҳи «Ҷеноа» дарвозабони «Аталанта» Пйерлуиҷи Голлиниро бо ҳаққи харидорӣ ба иҷора гирифт. Дарвозабони 29-сола бо ҳамин ба сафи даста аз шаҳри Генуя пайваста, Голлинии 29-сола аз соли 2022 тариқи иҷора дар «Наполи» баромад мекард.
