“Шафтолуҳо” аз Борнмут дар Англия Дин Хейсенро аз «Ювентус» харидорӣ карданд ва дифоъгар бо тими наваш шартномаи мӯҳлаташ то соли 2030 имзо кард. Пештар хабаре баромада буд, ки дифоъгари 19-сола ба тими ПЛА бар ивази 18 млн евро гузариш анҷом медиҳад. Хейсени нидерландӣ мавсими қаблӣ дар 14 бозии Серияи А ба майдон омада, ду гол низ ба самар расонидааст.
Бошгоҳи футболи «Саутгемптон» бошад баъди бозгашти дигарбора ба ПЛА бозигари мунтахаби Чили Бен Бреретонро аз «Вилярреал» бар ивази 7 млн фунт харидорӣ кард ва бо ӯ шартномаи чорсола баст.
Тибқи иттилоъи нашрияи The Athletic бозигари канории 25-сола аз ин пас дар муддати чор сол дар футболи Англия баромад мекунад. Нимаи дуюми мавсими қаблиро бошад Бреретон тариқи иҷора дар «Шеффилд Юнайтед» гузаронида, дар 14 бозии ПЛА 6 голу 1 партофти голӣ ба омор гирифт.
