LIVE

"Барселона" барои нигоҳ доштани Канселу дар даста маблағи кофӣ надорад

Тимҳои Арабистони Саудӣ ва Италия ба ҳимоятгари тими миллии Португалия ва «Манчестер Сити» Жоао Канселу, ки мавсими гузашта дар ҳайати тими «Барселона» ба таври иҷора бозӣ карда буд, таваҷҷӯҳ доранд, хабар медиҳад нашрияи интернетии Sport.es.
Бино ба иттилои манбаъ «шаҳриён» мехоҳанд аз барои ин бозигар 30 миллион евро ба даст оранд ва намехоҳанд, ки ӯро дубора ба иҷора фиристанд. "Барселона", ки ба ин трансфер манфиатдор аст, метавонад танҳо 20 миллион евро пешниҳод кунад, вале ду дастаи Арабистони Саудӣ ба ин бозигар таваҷҷӯҳ кардаанд - "Ал-Аҳли" ва "Ал-Иттифоқ" ва онҳо метавонанд маблағи заруриро пешниҳод кунанд.  
Инчунин хабар дода мешавад, ки Канселуро ҳамчунин ду бошгоҳи Серияи А-и Италия, ки бозигар қаблан дар онҳо бозӣ кардааст ва инҳо ҳам «Интер» ва «Ювентус»  нияти ҷалб кардан ба сафи хешро доранд. Аммо онҳо мехоҳанд,ки  бозигарро ба иҷора бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки ин футболбози 30-сола моҳи августи соли 2019 аз “Ювентус” ба “Манчестер Сити” гузариш анҷом дода буд. Шартномаи футболбоз бо англисҳо то тобистони соли 2027 амал мекунад. Сомонаи Transfermarkt нархи Канселуро 25 миллион евро баҳогузорӣ намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив