LIVE

Дӯсти беҳтарини Ламин Ямал ба сафи “ПСЖ” мепайвандад

Дастаи «ПСЖ» ба қаҳрамони Аврупо Нико Уилямс дар ҳайати тими миллии Испания таваҷҷӯҳ дорад. Дар ин бора Marca хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, парижиҳо ҳамлагари "Атлетик"-ро як такягоҳи идеалӣ дар хатти ҳамла медонанд. Дастаи шаҳри Париж бо “Барселона”, ки мунтазири тасдиқи Ла Лига аст, рақобат хоҳанд кард. Агар парижиҳо футболбози 22-соларо ба даст наоваранд, пас кӯшиш мекунад Ҷейдон Санчоро аз “Манчестер Юнайтед” ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта Нико Уилямс дар 37 бозӣ ширкат карда, 8 гол ва 17 партофти головар кардааст. Дар Евро -2024 ҳамлагар дар 6 бозӣ 2 гол задааст. Яке аз голҳои Нико дар финали мусобиқа ба дарвозаи Англия (2:1) буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив