LIVE

Хавйер Агирре ба ҳайси сармураббии тими миллии Мексика таъин шуд

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Мексика номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Исми сармураббии нави даста Хавйер Агирре аст.
Қаблан ин мутахассиси 65 солаи мексикоӣ дар дастаҳои аз қабили «Малйорка», «Монтеррей», «Леганес», тими миллии Миср, тими миллии Ҷопон, «Ал-Ваҳда» (АМА), «Атлетико Мадрди» кор кардааст.
Агирреи 65 сола сеюмин бор дар фаъолияти худ тими миллии Мексикаро бар ӯҳда гирифт. Ӯ қаблан аз соли 2001 то 2002 ва аз соли 2009 то 2010 дар тими миллӣ кор карда, дар 61 бозӣ 38 пирӯзӣ ба даст овардааст. Рафаэл Марке ёрдамчии Агирре шуд, ки барои ин кор дастаи “Барселона”-ро тарк кард.
Ёдовар мешавем, ки Мексика дар баробари Канада ва ИМА мизбони Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар соли 2026 аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив