Қаҳрамони феълии Серияи А “Интер” артиши бузурги бозигаронро ҷавоб дод. “Интернасионале” оиди рафтани Алексис Санчес, Стефано Сенси, Дэви Классен ва Эмил Аудеро расман эълон намуд.
Ҳамзамон ин дастаи қавии миланиро дифоъгари колумбиявӣ Хуан Куадрадо расо баъдди як соли гузариш тарк намуд. Куадрадои 36-сола бошад аслан дар сафи “нерадзурри” 12 бозӣ гузаронид ва унвони қаҳрамонии Италия расида буд.
Вале бар замми рафтани бозигарони гуфтагӣ ва барои ин тим нодаркорӣ “Интер” ҳамчунин оиди гузариши нимҳимоягари полшагӣ Петр Зелинскии 30-сола эълон кард ва ҷонибҳо шартномаи мӯҳлаташ то соли 2028 имзо намуданд. Зелински ба сафи “Интер” чун бозигари озод гузариш анҷом дода, сар аз соли 2016 ӯ дар сафи “Наполи” баромад мекард.
