LIVE

Дастаи нави писари Зидан ва рафтани бозигар аз “Реал” ба “Хетафе”

Дар Испанияи офтобӣ гапу кор атрофи бачагони Зидан мепечад. Ин навбат яке аз писарони варзишгари ин нафар бо номи Люка Зидан ба “Гранада” аз Эйбар омад. Дарвозабон бо насаби овозадори Зидан шартномаи ба мӯҳлати се сола имзо намуд.  Ин гузариш ҳам баъди оне имконпазир шуд, ки бошгоҳи “Гранада” ҳуқуқи харидории пурраи дарвозабони 26-соларо ба даст овард. Мавсими қаблӣ Зидан 44 бозӣ дар сафи “Эйбар” дар Сегунда гузаронида, ҳамагӣ 50 гол сар додааст. То ин даста бошад писари Зинедин Зидан  дар сафи “Райо Валйекано” баромад дошта,   дар тимҳои   “Расинг” ва “Реал Мадрид Б” низ майдондорӣ мекард.
Як нафари дигаре, ки дар системаи “Реал” буду акнун ба ҷониби дигар рафт, Федерико мебошад, ки  аз “Реал” ба “Хетафе” омад. Ин бозигари канории 21-сола ҳамагӣ се бозӣ дар сафи асосии мадридиён дорад.  Петер Федерико, ки аслан аз ҷазираҳои Доминикан аст дар сафи “Кастиля” аз соли 2020 буд ва мавсими қаблиро тариқи иҷора дар “Валенсия” гузаронида буд ва дар 15 рақобат ягон кори шоистаи таъриф накард.
Як иртиботи дигари трансферии марбут ба футболи испаниҳо ин имзошавии  шартнома миёни “Вилярреал” ва собиқ нимҳимоягари “Марсел” Папа Гуйе   мебошад. Ҳамзамон “субмаринаи зард” аз собиқ бозигари Ливерпул “Алберто Морено” ҷудо шуд.
Ҳамин тариқ нимҳимогари 25-солаи афроқоитабор, ки “Марсел”-ро чун бозигари озод тарк карда буд, бо “Вилярреал” то соли 2028 шартнома имзо кард. Мавсими қаблӣ бозигари мунтахаби Сенегал 15 бозӣ дар Лигаи якум гузаронид ва 1 гол ҳам ба самар расонид.
Дифоъгар Алберто Морено бошад дар сафи киштии зериобӣ панҷ мавсим гузаронид. Аслан Морено дар сафи “Ливерпул” ҳам он қадар одами даркорӣ набуд, вале баъди бекор монданаш барои арабиён мумкин, ки сахт даркор шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив