Бошгоҳи лондонии “Тоттенхэм Хотспур” бо нимҳимоягари 18-солаи “Лидс Юнайтед” Арчи Грэйро бар ивази 40 млн фунт харидорӣ кард ва шартнома бо бозигари 18-сола то соли 2030-юм имзо намуд.
Ҳамчунин бошгоҳи “Тоттенхэм” баъди фурӯхтани Ҷо Родон ба “Лидс Юнайтед” 10 млн фунт кор кард. Дифоъгари 26-солаи уелсӣ мавсими қаблӣ дар бошгоҳи Чемпионшип тариқи иҷора гузаронида, баъди омаданаш ба “Лидс” шартнома то соли 2028 имзо кард. Ҷо аслан дар сафи “Лидс” умуман 50 бозӣ гузаронидааст.
Ҳамзамон дастаи солҳои ахир даъвогар барои қаҳрамонӣ дарвозабони испаниро ба пуррагӣ худӣ кард. Гап албатта, ки сари ҳамкориҳои доимии “Арсенал” ва Давид Райя меравад, ки “тӯпчиён” дарвозабони “Брентфорд”-ро бар ивази 27 млн фунт харидорӣ намуданд. Райя мавсими қаблӣ дар сафи “Арсенал” 32 бозӣ гузаронида, дар 16 рақобат ба дарвозааш гол сар надодааст.
