Қаҳрамони феълии ношикаст аз Леверкузен, ки ба шарофати рекордҳояш Неверкузен ном гирифта буд, пеш аз оне,ки ягон кас аз ин тим равад аз “Жирона” Алейш Гарсияро овард. Байер бо бозигари “Жирона” шартномаи мӯҳлаташ то соли 2029 имзо намуд ва ӯ бошад ба Олмон бар ивази 18+2 млн евро омад.
Чӣ гунае, ки “Байер” мавсими олӣ нишон дод, “Жирона” ҳам дар Ла Лига яке аз гапзанони асосӣ буд ва Гарсия бошад 37 бозӣ карду 3 голу 6 асист ба омор гирифт. Баъди ин метавонад дар дифоъкунии унвони қаҳрамонӣ ба “Байер” кумак кунад.