LIVE

“Ал-Аҳли” барои Осимхен ба “Наполи” 120 млн евро пешниҳод кардааст

Бошгоҳи «Ал-Аҳли» -и Арабистони Саудӣ ба ҳамлагари тими «Наполи» Виктор  Осимхен мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора Il Mattino хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи Арабистони Саудӣ омода аст варианти харидани ин футболбози 25-солаи нигериро ба маблағи 120 миллион евро фаъол созад. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки худи футболбоз, ки ба ӯ ПСЖЧелси ва Арсенал низ даъво доранд, ба ин интиқол розӣ мешавад ё на.

Ёдовар мешавем, ки Осимхен аз сентябри соли 2020 дар тими "Наполи" бозӣ мекунад. Дар мавсими 2023/24 форвард дар 32 бозӣ дар ҳайати даста дар ҳама мусобиқаҳо 17 гол ва 4 партофти головар анҷом додааст. Портали Transfermarkt арзиши футболбозро 100 миллион евро арзёбӣ кардааст.





Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив