LIVE

Чеферин дар мавриди фаворитҳои асосии Евро-2024 ибрози назар кард

Президенти УЕФА Александр Чеферин фаворитҳои асосии Евро-2024 –ро номид. 

Ман аллакай ба дӯстонам гуфтам: Намедонам чаро, аммо ман Олмонро яке аз фаворитҳои асосӣ медонам. Онҳо дар солҳои охир хеле бад буданд, аммо онҳо як дастаи хуб доранд. Ва баъд аз бозии дӯстона бо тими Фаронса (2:0) муносибати тамоман дигарро дидам.

Ман ҳамеша мегӯям: ҳеҷ гоҳ Испанияро нодида нагиред. Инчунин Хорватия, Белгия, Нидерландия, шояд Дания вуҷуд дорад. Аммо Олмон, Фаронса, Англия ва Португалия, ба андешаи ман, дар ин чемпионати Аврупо фаворит ҳастанд”, иқтибос меорад DPA аз суханони Чеферин.

Ёдовар мешавем, ки Евро-2024 аз 14 –уми июн то 14 –уми июл дар Олмон баргузор мешавад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив