LIVE

Френки де Йонг бинобар сабаби осеб дар Евро -2024 иштирок намекунад

Ниммуҳофизатгари “Барселона”  Френки де Йонг дар бораи хабаре, ки ба тими миллии Нидерланд  дар Евро-2024 кӯмак намекунад, шарҳ дод.

Қаблан маълум шуда буд, ки футболбоз талош дорад то оғози мусобиқот барқарор шавад, аммо пойи осебдидааш ҳанӯз ба чунин борҳо омода набудааст.

"Ман ғамгинам, аз он ки ман дар Евро иштирок карда наметавонам.  Дар давоми ҳафтаҳои охир мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кардем. Аммо, мутаассифона  барои барқароршавӣ вақти бештар лозим аст.

Намояндагии кишвари худ дар як мусобиқаи бузург орзу ва шарафи бузург аст. Дар тан либоси норанҷӣ ба  бар карда, гимнро месарояд ва дастгирии тамоми кишварро эҳсос мекунад. Аммо акнун ман мисли тамоми мухлисони "Оранҷ" аз хориҷи кишвар тими моро дастгирӣ мекунам. Ба пеш, бачаҳо ”навиштааст де Йонг дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дастаи мунтахаби Нидерланд  дар Евро-2024 дар гурӯҳи D, ки рақибаш тимҳои Полша, Фаронса ва Австрия хоҳанд буд, рақобат мекунад.





Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив