Дирӯз 26-уми май дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024 баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки барои нахустин бор дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон ширкат мекунад, рақибони хешро муайян кард. Дастаи мо шомили гурӯҳи Е буда, бо мунтахабҳои Португалия, Панама ва Марокаш бозӣ мекунад.
Дар асоси натоиҷи қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаи ташкил карда мешавад. Тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Даҳумин чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон - Тошканд, Андиҷон ва Бухоро баргузор мешавад.