25 май бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад. Ташаббуси эълони ин рӯзро президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод кардааст.
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) феълан дар Дубай ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта шудааст. Даста ҳамагонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик мекунад.
