Дар қароргоҳи СММ кишварҳои узв нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии Футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардида буд.
Ин маъракаи таърихӣ бо ибтикори ҳаммуалифони асосии қатънома - намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Ливия ташкил карда шуд.
