Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон ва нозирони бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро муайян кард. Панҷ бозии даври оянда рӯзҳои 24, 25 ва 26 май баргузор мешавад.
Вохӯрии «Истиқлол» ва «Барқчӣ» ба далели он ки гурӯҳи калони футболбозони бошгоҳи «Истиқлол» ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шудаанд, ба рӯзҳои эҳтиётии тақвими чемпионат гузаронида шуд.
1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2024
Лигаи олӣ. Даври 8-ум
24 май (ҷумъа)
Оғоз – соати 17:00
«Эсхата» – «Вахш»
Довари асосӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Ёварони довар: Ҳасан Каримов (Норак), Вафо Қараев (Шаҳринав).
Довари эҳтиётӣ: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).
25 май (шанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Равшан»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Кумакдоварон: Исмоил Нуралиев (Норак), Фарҳод Куралов (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).
25 май (шанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Ҳосилот» – КМВА
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Ёварони довар: Акмал Буриев (Турсунзода), Комил Раҳмонов (Ҷайҳун).
Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
25 май (шанбе)
Оғоз – соати 18:00
«Кӯктош» – «Истаравшан»
Довари асосӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
Ёварони довар: Сорбон Аҳмадзода, Тоҳири Баҳром (ҳардӯ – Кӯлоб).
Довари эҳтиётӣ: Навруз Воҳидов (Вахш).
26 май (якшанбе)
Оғоз – соати 18:00
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Кумакдоварон: Хусрави Сиддиқзод, Исломҷон Холиқов (ҳардӯ – Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
