Рӯзи 19 –уми май бозии даври 38-уми чемпионати Англия баргузор шуд, ки дар он дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Вест Хэм Юнайтед» вохӯрданд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестер баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Дар чамъбасти мавсим дар чемпионати Англия «Манчестер Сити» 91 хол ба даст овард. Дастаи Пеп Гвардиола дар садри ҷадвал қарор гирифт ва бори чаҳорум пайиҳам ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Ёдовар мешавем, ки “Арсенал” бо 88 имтиёз дар ҷадвали ПЛА мақоми дуюмро касб кардааст. «Ливерпул» бо 82 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт.