LIVE

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ -интизомии ФФТ

Имрӯз, 16 май дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори хашмгин вақти бозии чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои   “Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол” (рӯзи 15 май) асос меёбад,  бозигари “Истиқлол” Рустам Соиров аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
 – Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ, яъне рафтори хашмгин дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол” (15-уми май)  бозигари тими «Регар-ТадАЗ» Йозеф Феумба аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
– Барои нақзи моддаи 5, банди 31-и Кодекси интизомии ФФТ, яъне  иштирок накардани сармураббии дастаи «Ҳосилот» Алишер Тухтаев дар мусоҳибаи баъди бозӣ пас аз анҷоми бозии Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои “Истиқлол” - «Ҳосилот» (рӯзи 4-уми май), дастаи «Хосилот» ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима баста мешавад.
– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12-уми Кодекси интизомии ФФТ, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ дар бозии Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ “Эсхата” – “Истаравшан” (12 май) ифода шудааст, дастаи «Эсхата» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста мешавад.
– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-уми Кодекси интизомии ФФТ  вобаста ба риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқот дар бозии Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Эсхата» ” - “Истаравшан” (рӯзи 12 май), ки ба зиммаи бошгоҳҳо гузошта шудааст, тими “Истаравшан” ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима баста мешавад.
– Барои вайрон кардани банди 1, моддаи 6-уми  Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори нодуруст дар бозии Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ миёни “Эсхата” – “Истаравшан” (рӯзи 12-уми май) аз ҷониби маъмури   “Истаравшан” Шоҳрух Шамсиев содир шудааст, ӯ аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
– Барои вайрон кардани банди 13, моддаи 5-уми Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқот, ки ба варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, яъне (набудани духтури даста) дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Кӯктош» - ССКА (рӯзи 12 май) ба қайд гирифта шудааст, дастаи «Кӯктош» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив